Номнома

Ҷонона

занона

МАЪНӢ

Ҷонона - (форсӣ). جانانھ маҳбуба, маъшуқа

Ҷонона جانانه 1. маҳбуба, маъшуқа; маъшуқ, маҳбуб; мансуб ба ҷонон; киноя аз маъшуқ ва матлуб бошад; киноя аз ин аст, ки ҷон аз ӯст ё ӯ ҷони ман аст; мақсуд ва мурод; ёр, нигор, дилдор, азиз;

Ҷоно, ба харобот ой, то лаззати ҷон бинӣ,
Ҷонро чӣ хушӣ бошад бе суҳбати ҷонона?
(Румӣ)


Ё Раб, он шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?
Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист.
(Ҳофиз)


2. комил, тамом ; дар тадовули омма сахт бузург, бисёр қавӣ, азим, бисёр бузург, ба таври комил, фаровон, дурушт, саъб, мӯҳкам.

Калидвожаҳо

Маънои номи Чонона Chonona Jonona