Номнома

Ҷонон

занона

МАЪНӢ

Ҷонон جانان1. нигаҳбони зиндагӣ;

2. маҳбуба, маъшуқа; дилбари зебо ва бисёр дӯстдоштанӣ, маъшуқе, ки ошиқаш ӯро монанди ҷони худ дӯст дорад; маъшуқ, маҳбуб; мураккаб аз ҷон ва он (аломати нисбат); хуб; рӯйи зебо, дилкаш, нозанин; муаллифи орад: ба маънии ҷон; ва алифу нун дар охир зоид аст ва ҳамчунин дар ҷовидон ва дар навишта, ки ҷонон маҳбубро гӯянд ва асли ин «ҷоно» буд ба маънии «эй ҷон»;

Яке дарду яке дармон писандад,
Яке васлу яке ҳиҷрон писандад.
Ман аз дармону дарду васлу ҳиҷрон,
Писандам, он чиро ҷонон писандад.
(Бобо Тоҳир)


Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
(Ҳофиз)


3. шоҳид.

Калидвожаҳо

Маънои номи Чонон Chonon Jonon