Номнома

Гавҳар

занона

МАЪНӢ

Гавҳар - (форсӣ). گوھر марворид, чизи қиматбаҳо

Гавҳар گوھر 1. марворид; санги гаронбаҳо; санги маъданӣ ва қиматӣ; лаъл ва ёқут ва зумуррад ва алмос ва ғайри он; санги қиматӣ мисли алмосу лаълу марворид ва амсоли онҳо; санги гаронбаҳо аз қабили марворид, алмос, ёқут, фирӯза ва амсоли онҳо, гавҳар ҳам гуфтаанд, ба арабӣ ҷавҳар мегӯянд; гуҳар, санги қиматӣ.

Гавҳар чу тавон зи кон гирифтан,
Сустӣ бувад аз дукон гирифтан.
(Ҷомӣ)


2.асл, зот, асли ҳар чиз; сиришт; табиат, ниҳод; тинат, фитрат;

Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро,
Магар чарбу ширин диҳад бар маро?
(Абӯшакури Балхӣ)


3.маҷозан нажод, насаб.

Ҷавон буд ва аз гавҳари паҳлавон,
Хирадманду бедору равшанравон.
(Фирдавсӣ)


3.маҷозан фарзанд;
Манзур кунӣ ба манзари хеш,
Пайванд диҳӣ ба гавҳари хеш.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


4.киноя аз сухани мавзуни фасеҳ ва балеғ; киноя аз забони фасеҳ; киноя аз сухани бообутоб бошад.

Шаҳ маро зар доду гавҳар додамаш бар арзи зар,
Он кароматро мукофот барнатобад беш аз ин.
(Хоқонии Шарвонӣ)


5.киноя аз ашк, оби дида; ашки чашм.

Мафрӯш, дида, арзон гавҳар ба хотири дил,
Ёрон раво надоранд бар дӯстон зиёнро.
(Махфӣ)


6.ба маънии сифоти ниҳони ақл ва фарҳанг;

Чун гавҳари хешро надонистӣ,
Мар холиқи хешро куҷо донӣ?
(Носири Хусрав)


7.киноя аз шахси гаронмоя ва беназир;
Айби туст, ар чашми гавҳарбин надорӣ, в-арна мо,
Ҳар як андар баҳри маънӣ гавҳари якдонаем.
(Саъдӣ)


8.номи зебои махсуси духтарон амсоли Гавҳарбону, Гавҳархонум, Гавҳарбегим, Гавҳархон ва монанди инҳо.

Калидвожаҳо

Маънои номи Гавхар Gavkhar Gavhar