Фурӯғ
занонаМАЪНӢ
Фурӯғ فروغ ном аст муштарак ҳам бонувон ва ҳам мардонро;
1. фурӯз, рӯшноӣ, тобиши офтоб, оташ ва ғ.; дурахшонӣ; шуъои оташ бошад ва офтоб ва амсоли ин, дурахшандагӣ; афрӯғ; нур; партав; тобиш;
То ҳама маҷлис аз фурӯғи чароғ
Гашт чун рӯйи дилбарон равшан.
(Рӯдакӣ)
2. тобишу латофат, обуранг, сафо;
Фурӯғи ҳусни туро забту ҳаср натвон кард,
Ки бо талиаи хуршед ҳамъинон шудааст.
(Шоҳин)
3. маҷозан дурустӣ, некӣ;
4. ривоҷ, равнақ;
Ҳар кас аз оинае бинад ҷамоли кори хеш,
Мо фурӯғи кор дар пешонии ғам дидаем.
(Урфӣ)
5. маҷозан ороиш;
То ту зи дар дароию маҷлис диҳӣ фурӯғ,
Шаб то ба рӯз шамъ ба по истода буд.
(Камол)
6. тахаллуси шоири клосик Фурӯғии Бастомӣ;
7. номи шоираи эронӣ Фурӯғи Фарухзод.

Калидвожаҳо
Маънои номи Фуруг Furug Furugh