Номнома

Фарёд

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Фарёд - садои
баланд, бонг, ҷеғ; наъра

Аз дари майкада, эй соқии риндони ҷаҳон,
Мастии ишқ ба фарёди ҳаёҳуй бирафт.
Ибни Ямин


овоз ва садои баланди дарднок, оҳу фиғон

Корам зи ғамат ба ҷон расидаст,
Фарёд бар осмон расидаст.
Анварӣ


Гар аз нола васле муяссар шудӣ,
Зи фарёди дил гӯшҳо кар шудӣ.
Бедил


фарёд задан

فریاد زدن

1.

бонг бардоштан, бо овози баланд ҷеғ задан

2.

овози баланди пурдард баровардан, оҳу фиғон кардан

фарёд кардан

فریاد کردن

1.

бонг задан, бонг кардан

2.

гиряву нола бо овози баланд, нолаи пур дарду шикоятомез кардан

ба фарёд расидан

به فریاد رسیدن

ба доди касе расидан, аз сари инсоф, адолат ва ёрӣ додрасӣ
намудан

фарёд хостан

فریاد خواستن

ёрӣ хостан, мадад пурсидан, имдод талаб кардан дар тангӣ

ба фарёд омадан

به فریاد آمدن

1.

наъра кашидан, бонг баровардан

2.

ба додталабӣ омадан, шикоят кардан

аз халқ фарёдро кифоят кардан

از خلق فریادرا کفایت کردن

дод ва шикояти мардумро шунидан

калимаи нидо дареғ ва афсӯс!, дод!

Фарёд, ки аз шаш ҷиҳатам роҳ бибастанд,
Он холу хату зулфу руху оразу қомат.
Ҳофиз


1.

бонг бардоштан, бо овози баланд ҷеғ задан

2.

овози баланди пурдард баровардан, оҳу фиғон кардан

1.

бонг задан, бонг кардан

2.

гиряву нола бо овози баланд, нолаи пур дарду шикоятомез кардан

ба доди касе расидан, аз сари инсоф, адолат ва ёрӣ додрасӣ
намудан

ёрӣ хостан, мадад пурсидан, имдод талаб кардан дар тангӣ

1.

наъра кашидан, бонг баровардан

2.

ба додталабӣ омадан, шикоят кардан

дод ва шикояти мардумро шунидан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарёд Faryod Фаред