Номнома

Фард

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Фард - арабӣ

якка,
муҷаррад, бе ҳамроҳ, так, мунфарид

Ҳар ду гирёнему ҳар ду зарду дар сӯзу гудоз,
Ҳар ду сӯзонесу ҳар ду фарду ҳар ду мумтаҳан.
Манучеҳрӣ


Ҳамчунин фард бош, Хоқонӣ,
К-офтоб инчунин дилафрӯз аст.
Хоқонӣ


Як шабе мегашт шаҳ Маҳмуд фард,
Бо гурӯҳи дузди шабрав бозхард. 
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


ягона, ягонаи беҳмто, беназир

Гуфт бо донишваре он сода мард,
К-эй ба дониш назди ҳар озода фард...
Абдураҳмони Ҷомӣ


Бас аст бо ту, агар ин қадар кунам ашъор,
Ки эй ба дарки сухан фарду эй ба фаҳм фарид! 
Шоҳин


як кас, як шахс, як нафар

Инчунин эътироз кардаанд, ки ин таъриф бар ҳеч фарди муарриф содиқ намеояд. 
Восифӣ


ҷудо; дур аз касе, чизе

Гарчи ин муддат, ки будм мн зи дидори ту фард,
Ҷуфт будам бо рубобу бо кабобу бо шароб.
Муъиззӣ


Сифатат аз сифоти имкон фард,
Ҷиҳатат аз ҷиҳот берун кард. 
Бедил


фард уфтодан

فرد افتادن

дур мондан ҷудо шудан, танҳо мондан

фард мондан

فرد ماندن

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе; танҳо мондан

фард шудан

فرد شدن

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе

фард кардан

فرد کردن

ҷудо ва дур кардан аз касе, чизе

фард гаштан

فرد گشتن

нигаред ба

фард шудан

1;

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе

дур мондан ҷудо шудан, танҳо мондан

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе; танҳо мондан

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе

ҷудо ва дур кардан аз касе, чизе

нигаред ба

фард шудан

1;

ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе

арабӣ

адабиётшиносӣ

як байти барҷаста, фардбайт, шоҳбайт, байти ягонаи мумтоз аз байтҳои дигари як ғазал ё навъи дигари шеърӣ, байти мазмунан томи мустақил

зистшиносӣ

ҳар як аз мавҷудоти зиндаи ташкилдиҳандаи як ҷамъият

ахтаршиносӣ

ситорае бо қадри 2/0, ки ғӯле аз радаи к3 ба фосилаи 177 соли нурӣ аз хуршед аст

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Фард Fard