Номнома

Фарвардин

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Фарвардин - моҳи
якуми соли шамсӣ, ки ба 21 март то 20 апрел рост меояд, моҳи аввали баҳор

То ба фарвардин замин аз лола барпӯшад ридо,
То ба даймоҳ осмон аз бар барбандад ниқоб.
Фаррухӣ


Абри озорӣ баромад аз канори кӯҳсор,
Боди фарвардин биҷундид аз миёни марғзор.
Манучеҳрӣ


Баъд аз ин дасти ману домани сарву лаби ҷӯй,
Хоса акнун, ки сабо муждаи фарвардин дод. 
Ҳофиз


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарвардин Farvardin