Номнома

Фареҳ

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Фареҳ - афзунӣ, фаровонӣ

В-ар бигӯяд: Нахоҳам ин фареҳ,
Гӯ: Бигиру ҳар киро хоҳӣ, бидеҳ!
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


нигаред ба

фараҳ

II
2;

фирӯзӣ, ғалаба; пешӣ, сабқат; бартарӣ

фиреҳ бурдан

فره بردن

пешӣ намудан, бартарӣ нишон додан

бисёр, фаровон, афзун, зиёда

Гар з-он ки худо ба ман диҳад моли фиреҳ,
Бикшоям аз ин кори фурӯбаста гиреҳ.
*


бартар; афзал, хубтар, олӣ

Аз ҳама дар ҷалолу ҷоҳ фареҳ,
В-аз ҳама дар ҷамолу хубӣ беҳ. 
Абдураҳмони Ҷомӣ


фарох

З-абр будӣ дасти ҷуди ӯ фареҳ,
Абр бошад қатрбахш, ӯ бадрадеҳ. 
Абдураҳмони Ҷомӣ


ширин

Чу дар лутф аз наботаш лаб фареҳ шуд,
Набот андар дили шиша гиреҳ шуд. 
Абдураҳмони Ҷомӣ


сабаб, боис

Биё, соқӣ, эй дилхуширо фиреҳ,
Ки шуд ашки ғм др гулӯям гиреҳ. 
Туғро


пешӣ намудан, бартарӣ нишон додан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарех Farekh Fareh