Дилорой
занонаМАЪНӢ
Дилорой / Дилоро دلار(ی 1.дилхушкунанда; дилписанд; хуб, зебо; касе ё чизе, ки сабаби суруру нишоти инсон гардад; орояндаи дил, оромиши хотир; шодибахш; чизе ё касе, ки мояи нишот ва хуррамии дил бошад; дилороянда, мояи нишоту хуррамии дил;
Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест,
Мушк чун зулфи дилорои ту нест.
(Анварӣ)
Гар маро дар чамани ҷаннати фирдавс баред,
Хотирам мояи он моҳи дилоро бошад.
(Қосими Анвор)
2.маҷозан маҳбуба; маъшуқи зебо, маҳбуб; маъшуқ, дилбари зебо.
Зи худ дур он дилороро намедонам, намедонам,
Ҷудо аз мавҷ дарёро намедонам, намедонам.
(Ҳазини Лоҳиҷӣ)
Дар он хона набуд, алқисса, як ҷой,
Тиҳӣ з-он ду дилорому дилорой.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Дилорой Diloroy