Номнома

Дилором

занона

МАЪНӢ

Дилором - (форсӣ). آرام دل он ки ба дил оромӣ бахшад, оромибахш

Дилором دلارام 1.оромишбахшандаи дил; он ки мӯҷиби оромиши хотир бошад; мояи оромии дил, хоҳ ба ҷамолу хоҳ ба камол, оромишдиҳандаи дил, оромишбахши дил, он ки дилро осудагӣ бахшад, таскиндиҳандаи хотир; тасаллибахш, мояи тасаллӣ;

Дилором бошад зани некхоҳ,
Валек аз зани бад, Худоё, паноҳ.
(Саъдии Шерозӣ)


2.дилосуда, хурсанд;

Биёмад, сару чашми ӯ бӯс дод,
Дилорому пирӯз баргашту шод.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


3.дилбар; маъшуқи зебо; маҳбуб; зани нозанин ва дилкаш, маъшуқа; дӯстдошта.

Дилором аст номи ту, валекин,
Дилам аз ишқат ороме надорад.
(Лоиқ Шералӣ)


4.киноя аз фарзанд.

Набуд эч фарзанд мар Сомро,
Дилаш буд ҷӯё дилоромро.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Дилором Dilorom