Номнома

Дилнавоз

занона

МАЪНӢ

Дилнавоз دلنواز 1.лутфкор, марҳаматпеша, навозишкор; дилором; мушфиқ, меҳрубон, тасаллидиҳанда; он чи ё он ки дилро навозиш диҳад; дилнавозанда, навозандаи дил, хотирнавоз; он ки ё он чи дилро навозиш диҳад, он ки боиси тасаллии хотир шавад, дилнишин; навозишдиҳандаи дил, дилпазир, дилҷӯ; хотирнавоз.

Н-офарид Эзад зи хубони ҷаҳон чун ту касе,
Дилрабову дилфиребу дилнавозу дилситон.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


2.марғуб, хушоянд, дилписанд;

Орзу кардам ҷаҳонгардӣ, ки бошад дилнавоз,
Гарде аз саҳрои ғам пайдо шуду бархост ҷанг.
(Мушфиқӣ)


3.маъшуқ, маъшуқа, маҳбуб, дилором, дилҷӯ.

Бар ҷигар обам намонд аз дилнавоз,
Ҳамчу моҳӣ мондаам бар хушк боз.
(Аттор)

Калидвожаҳо

Маънои номи Дилнавоз Dilnavoz