Номнома

Арнавоз

занона

МАЪНӢ

Арнавоз ارنواز 1. мураккаб аз арна-и авестоӣ ба маънии сазовор ва хуб ва воз ба маънии вожа ва сухан; некӯсухан ва он ки суханаш раҳмат меоварад;

2.номи хоҳари Ҷамшед подшоҳи эронӣ; хоҳари Ҷамшед аст, ки бо хоҳари дигар Шаҳрноз дар ҳаболаи Заҳҳок буданд ва Фаридун ин ҳарду хоҳарро гирифт ва Заҳҳокро бикушт; хоҳари Ҷамшед, ки зани Заҳҳок буд.

Ду покиза аз хонаи Ҷаммшед,
Бурун овариданд ларзон чу бед,
Ки Ҷамшедро ҳар ду хоҳар буданд,
Сари бонувонро чу афсар буданд.
Зи пӯшидарӯён яке Шаҳрноз,
Дигар моҳрӯе ба ном Арнавоз.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Арнавоз Arnavoz