Дилбар
занонаМАЪНӢ
Дилбар - (форсӣ). دلبر он ки бо ҳусну латофат дил мебарад, дилрабо
Дилбар دلبر 1.дилкаш, дилфиреб; касе, ки бо ҳусни худ дигареро дилбохтаи худ мекунад, барандаи дил; хушрӯ, раъно; он ки дил мерабояд; дилрабо, он ки дилҳои ушшоқ ба ҳусну карашма барад;
Биё, эй дилбари дирӯзаи ман,
Биё, эй мӯнису дилсӯзаи ман.
Ҳама ганҷи дили ман рафт бар бод,
Биё, эй лаъли ман, фирӯзаи ман.
(Лоиқ Шералӣ)
2.маҷозан маҳбуба, ёр; маъшуқ, маҳбуб; аз асмои маъшуқ аст; зани нозанину нигор.
Расми ошиқ нест бо як дил ду дилбар доштан,
Ё зи ҷонон, ё зи ҷон боист дилбар доштан.
(Қоонӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Дилбар Dilbar