Номнома

Дилбанд

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Дилбанд - он ки дили касро ба худ шефта мекунад, дилкаш, дилфиреб; диловез, дилрабо

Гарам рӯзе ба даст афтад каманди зулфи дилбандаш,
Ситонам доди ин сина, ки бедил дошт якчандаш.
Хусрави Деҳлавӣ


маҳбуб, маъшуқ

Бад-ӯ гуфт: Ин занони номдорон,
Нишаста шод бо дилбанду ёрон. 
Фахриддини Гургонӣ


ҷигаргӯша, азиз, нури чашм (сифати фарзанд)

Бипурсидаш, ки эй фарзанди дилбанд,
Тӯӣ нахли диламро тоза пайванд! 
Мулҳам


Зан дошт, вале надошт фарзанд,
Дил дошт, вале надошт дилбанд. 
Шоҳин


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Дилбанд Dilband