Номнома

Дастон

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Дастон - макр, фиреб, тазвир, ҳила, найранг

Умар... гуфт: Фиреб ва дастон бо ман суд надорад.
Таърихи Табарӣ


Ба он ду соиди симин, ки мебарад аз даст
Дили шикастаи ошиқ ба ҳилаву дастон. 
Восифӣ


дастон кардан

دستان کردن

ҳила ва фиреб ба кор бурдан 

нағма, лаҳн, наво, мақом

Зи сад дастон, ки ӯро буд дамсоз
Гузида кард сӣ лаҳни хушовоз. 
Низомӣ


дастон задан

دستان زدن

1.

нағмасароӣ кардан, нағма кардан, овоз хондан, суруд хондан, сурудан; навохтан

2.

лоф задан

афсона, қисса, достон 

Рози сарбастаи мо бин, ки ба дастон гуфтанд,
Ҳар замон бо дафу най бар сари бозори дигар. 
Ҳофиз


лақаби Зол, ки падари Рустам аст 

Аз Эрон суви Зобулистон кашид,
Або Пилтан сӯи Дастон кашид. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Диловар даромад чу Дастони гурд,
Ба хамми камандаш дароварду бурд. 
Саъдӣ


ҳила ва фиреб ба кор бурдан 

1.

нағмасароӣ кардан, нағма кардан, овоз хондан, суруд хондан, сурудан; навохтан

2.

лоф задан

мусиқӣ

навори филизӣ ё чӯбӣ ё устухонӣ, ки бар рӯйи рӯдаста таъбия мешавад ё риштаҳое аз ҷинси рӯда ё абрешим, ки даври дастаи соз дар фавосили муайян баста мешаванд то битавон ба кумаки онҳо симҳоро барои тавлиди нағмаҳои мушаххасшуда дар ҷойи муносиб гирифт; парда

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Дастон Daston