Номнома

Дамон

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Дамон - вазон, вазанда; бо вазиши бод расанда (оид ба бӯй

Фиристода омад чу боди дамон,
Расонид нома бари паҳлавон. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Дамон бӯи биҳишт аз Виси бутрӯй,
Чунон чун бӯи хуш аз боғи хушбӯй. 
Фахриддини Гургонӣ


босуръат, тозон, тунду тез, чусту чобук

Чу ҳушёр гардад падар, бе гумон,
Саворон фиристад паси ман дамон. 
Абулқосим Фирдавсӣ


пурҷӯшу хурӯш, ҷӯшон, хурӯшон; пурталотум, мавҷхез

Бизӣ ҳамчунин солҳои дароз
Данону дамону чамону чарон. 
Манучеҳрӣ


На баҳри дамон дорад бо ҳиммати ӯ тоб,
На шери жиён дорад бо ҳайбати ӯ ҳанг. 
Ломеӣ


маст, ғурранда, наъразананда; даҳшатнок; сахт ҳамлакунанда

Таҳамтан бипӯшид бабри баён,
Нишаст аз бари аждаҳои дамон. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Касе мутаваҷҷеҳи шумо шуда, ки дар вақти ҷанг бар шери жиён ва пили дамон ғолиб меояд. 
Равзату-с-сафо


тавоно, қавӣ, боқудрат

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Дамон Damon