Номнома

Арванд

мардона

МАЪНӢ

Арванд اروند 1. қудрат, тавоноӣ, зӯрмандӣ.

Сиёвуш маро ҳамчу фарзанд буд,
Ки бо фарру бо зӯру арванд буд.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


2. таҷриба.

Ба армону арванд марди ҳунар 
Фароз оварад гунагун симу зар.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


3. фиреб, ҷоду.

Ҳама мар-туро банду тунбал фурӯхт,
Ба арванд чашми хирадро бидӯхт.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


4. номи дарёи Даҷла, ки онро Арвандрӯд низ меноманд.

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Арванд Arvand