Номнома

Арҷманд

мардона

МАЪНӢ

Арҷманд ارجمند 1. боарзиш; гаронбаҳо; соҳибқимат; мураккаб аз арҷ ва манд, ки арҷқадру қимат ва манд калимаест, ки далолат бар доштан кунад мисли давлатманд ва саодатманд; боарҷ; қимат, симин; пурбаҳо; нафис; ҳар чизи қиматиро низ гӯянд.

Ба дарвеш бахшем бисёр чиз,
Агарчанд чиз арҷманд аст низ.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


2. гиромӣ, соҳибэҳтиром, боқадру қимат, боиззат; маҷозан ба маънии соҳибмартаба ва гиромиқадр ва азиз; боқадр, соҳиби қадру манзилат, бузургвор, баландмартаба, боэътибор, муътабар, гаронмоя, шариф, муҳтарам; бузург; ба маънии азиз ва гиромӣ ва соҳиби қадр ва худованди мартаба бошад, чу арҷ ба маънии қадр ва мартаба ва манд ба маънии соҳиб ва худо ванд аст.

Ту ба омӯхтан баланд шавӣ,
То бидонию арҷманд шавӣ.
(Авҳадӣ)


3. дархур, сазовор, лоиқ, қобил, шоиста, арзанда; муносиб.

Сипаҳро ҷавоби чунон арҷманд,
Писанд омад аз шаҳрёри баланд.
(Низомӣ)


4. хуррам, сарсабз;

Аз айвону майдону кохи баланд,
Зи полез в-аз гулшани арҷманд.
(Фирдавсӣ)


5. доно; ҳушёр, хирадманд; донову донишмандро ҳам гуфтаанд;

6. наҷиб, асилнажод;

Маро бо чунин гавҳари арҷманд,
Ҳамин ҳоҷат ояд ба гавҳар писанд.
(Низомӣ)


7. бениёз, ғанӣ, тавонгар;
8. ҷавонмарди баландҳиммат, сахӣ;
9. беҳамто;

Яке кор ҷустам ҳаме арҷманд 
Ки номам шавад з-ӯ ба гетӣ баланд.
(Асадӣ)


10. ғалабакунанда;
11. бовиқор.

Зери гардун он ҷавони арҷманд,
Меравад мисли санавбар сарбаланд.
(Иқболи Лоҳурӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Арчманд Archmand Arjmand