Номнома

Акбар

мардона

МАЪНӢ

Акбар - (арабӣ). اكبر кабир, бузург

Акбар (арабӣ) اکبر 1. бузургтар, бузургтарин, меҳтар, калонтар, бузургвор; калон, меҳин, меҳина; калонтарин;

Бад-ӯ гуфт: Ин кӣ гуфтат, эй паямбар,
Паямбар гуфт: Ҳақ, султони акбар.
(Аттори Нишопурӣ)


2. солмандтар; бузургсол тар;

Маро кор аст бо ин пок акбар,
Ки ҳаст ӯ соликонро пиру раҳбар.
(Аттори Нишопурӣ)


3. аз сифоти Худованд.

Аз дили худ дилбари худро талаб,
К-ӯ дам аз Аллоҳу акбар мезанад.
(Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Акбар Akbar