Номнома

Анбар

занона

МАЪНӢ

Анбар عنبر 1. моддаест муаттар ва хокистарранг ва онро аз меъда ва ё рӯдаи моҳии анбар мегиранд. Ин моддаро бештар аз моҳиёни уқёнуси Ором ва Ҳинд ба даст меоранд ва дар атрсозӣ истифода мебаранд.

Гоҳи ангезиши ашҳаб зи ғубори зулфаш,
Ҳама офоқ пур аз анбари ашҳаб нигаред.
(Хусрави Деҳлавӣ)


2.маҷозан зулф.

Анбар аст он, доми дил, ё мушки ноб,
Ё зи сунбул бар гули сурӣ ниқоб?
(Камоли Хуҷандӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Анбар Anbar