Номнома

Зокир

мардона

МАЪНӢ

Зокир (арабӣ) ذاکر 1. зикркунанда, ёдоваранда; ёдкунанда; ситоишкунандаи Ҳақ; он, ки зикри Худо кунад;

Сари мӯем назар кун, ки ман андар тани хеш
Як сари мӯй надонам, ки туро зокир нест.
(Саъдии Шерозӣ)


2. гӯянда, воиз;

Ришханде кардаанд он мункирон
Бар масалҳову баёни зокирон.
(Ҷалолуддини Румӣ)


3. саногӯй, мадҳкунанда, маддоҳ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Зокир Zokir