Номнома

Замир

мардона

МАЪНӢ

Замир - (арабӣ). ضمیر дил, қалб; ҷон; андеша

Замир (арабӣ) ضمير 1. дил, қалби инсон; ботини инсон, андаруни дил.

Ба ҳасту нест маранҷон замиру хуш мебош,
Ки нестист саранҷоми ҳар камол, ки ҳаст.
(Ҳофиз)


2. чизе, ки кас дар дили худ гузаронад, фикри пинҳонӣ, хаёл; сирри пинҳон, роз (; андеша ва рози нуҳуфта дар дил;

Агарчи мӯи ман акнун чу шир аст,
Ҳанӯз аз завқ ширам дар замир аст.
(Ҷомӣ)


3. он чи дар хотир бигзарад; андеша; андеша;

На ончунон ба ту машғулам, эй биҳиштирӯй,
Ки ёди хештанам дар замир меояд.
(Саъдии Шерозӣ)


4. виҷдон.

Калидвожаҳо

Маънои номи Замир Zamir