Номнома

Воҷиб

мардона

МАЪНӢ

Воҷиб (арабӣ) واجب 1. бисёр лозим, зарурӣ, амре, ки ба ҷой овардани он ҳатмӣ ва зарур аст; ногузир.

Ҳар кӣ номеҳрубон бувад ёраш,
Воҷиб аст эҳтимоли озораш.
(Саъдии Шерозӣ)


2. ҳақ, музд, мавоҷиб; киноя аз заре, ки ҳар моҳ ба навкарон диҳанд.

3. доим ва ҳамеша;
4. сазоворшаванда;

5. ба истилоҳи ҳукамо он ки дар вуҷуд ва бақои худ муҳтоҷи ғайр набошад ва он Ҳақ таолост.

Калидвожаҳо

Маънои номи Вочиб Vochib Vojib