Номнома

Васма

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Васма - арабӣ

гиёҳест, ки занону духтарон баргҳои онро фишурда, оби сабзи нилгунашро ба абрӯвони худ мемоланд; ӯсма, вусма

Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр,
Кӯшиши бефоидаст васма бар абрӯи кӯр.
Саъдӣ


Ҷаҳон бар абрӯи ид аз ҳилол васма кашид,
Ҳилоли ид дар абрӯи ёр бояд дид.
Ҳофиз


Зи вусма абрувонро кор пардохт,
Ҳилоли идро қавси қузаҳ сохт.
Абдураҳмони Ҷомӣ


васма кашидан

وسمه کشیدن

вусма кашидан

бо васма абрӯвон ва пушти лабро сабзи моил ба сиёҳӣ кардан

барги нил ё ранге шабеҳи нил, ки занон дар об хис мекунанд ва ба абрӯҳои худ мекашанд

бо васма абрӯвон ва пушти лабро сабзи моил ба сиёҳӣ кардан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Васма Vasma