Номнома

Валӣ

мардона

МАЪНӢ

Валӣ - (арабӣ). ولی дӯст, ёвар, мададгор

Валӣ (арабӣ) ولی 1. дӯст ва содиқ; ёвар, мададгор, муҳиб ва сиддиқ; ёридиҳанда; муқобили адӯ.

Муҳибби рӯйи туам дар ҷавоби даъвии ишқ,
Дили шикаста вакил асту ҷони хаста валӣ.
(Хоҷуи Кирмонӣ)


2. соҳиб; хоҷа; мураббӣ; мутасарриф ва соҳиб ва худованд; нигаҳбон; ҳофиз;

3. касе, ки уҳдадори умури каси дигар бошад; мутасарриф бар касе, мутасарриф дар амр; касе, ки уҳдадори анҷоми корҳои каси дигар аст;

4. қариб, наздик, муқарраб (ба Худо); одами муқаддас; бандаи неки муқарраби ҷаноби Ҳақ таоло;

5. озодшуда;
6. ҳамсоя;
7. Ҳазрати Алӣ (а); яке аз чаҳор ёрони босафо Алӣ ибни Абуттолиб (а).

Сари анҷуман буд зи ёрон Алӣ,
Ки хондаш паямбар Алии валӣ.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


7. таркиби номсоз, масалан Валинеъмат, Валиаҳмад, Вали муҳаммад, Валиҷон (хон) ва назири инҳо.

Калидвожаҳо

Маънои номи Вали Vali