Номнома

Умед

мардона

МАЪНӢ

Умед - (форсӣ). امید чашмдошт, интизор, таваққӯъ; эътимод, боварӣ

Умед // Уммед اميد 1.чашмдошт, интизор, таваққуъ; нигаронӣ;

Ҳеч кофирро ба хорӣ мангаред,
Ки мусулмон буданаш бошад умед.
(Румӣ)


2.орзу, таманно; ормон; риҷо; мурод, мақсад.

Бо рақибонат ба бӯи васл хушдил мезиям,
Бо умеди гул чу булбул метавон бо хор зист.
(Камол)


3.эътимод ва эътиқод; устуворӣ; итминон.

Ҳар он гаҳ, ки мӯйи сияҳ шуд сапед,
Ба будан намонад фаровон умед.
(Фирдавсӣ)


4.ваъда;
5.номи падари Озарпот.

Калидвожаҳо

Маънои номи Умед Umed