Номнома

Тобон

занона

МАЪНӢ

Тобон تابان 1. тобанда, дурахшон, рӯшноидиҳанда; равшан, барроқ; фурӯзон; тобидан ва тофтан; сифати мушаббаҳа аз масдари тобидан ба маънии равшанидиҳанда ва ҷилодор; равшан, гармобахш;

Ҳаст қадди ёри ман сарви хиромон дар чаман,
Бар сари сарви хиромон моҳи тобонро ватан.
Балки хадду қадди он зебосанамро бандаанд
Моҳи тобон бар фалак, сарви хиромон дар чаман.
(Сӯзании Самарқандӣ)


Нишин дар далв чун хуршеди тобон,
Зи мағриб сӯи машриқ шав шитобон.
(Ҷомӣ)


2. зани зебо, маъшуқаи ниҳоят соҳибҷамол, дилбари сапедчеҳра.

Бифармуд ахтаронро моҳи тобон,
К-аз он манзил шаванд он шаб шитобон.
(Низомии Ганҷавӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Тобон Tobon