Тарона
занонаМАЪНӢ
Тарона ترانه 1. суруд; ба маънии суруд ва нағма ва навъе аз суруд; нағма ва хонандагӣ; наво; суруд ва ашъори миллӣ ва ватанӣ, мисол, ҳар мамлакате таронаҳои миллӣ дорад; мавҷ аз ташбеҳоти ӯст ва бо лафзи гуфтан ва задан ва бастан ва сурудан ва санҷидан ва баланд кардан мустаъмал; навъе аз аҷноси суруд; сурудаҳои шод, сурудаҳои бо овози шод;
Мутриб, бисоз парда, ки кас бе аҷал намурд
В-он к-ӯ на ин тарона сарояд, хато кунад.
(Ҳофиз)
Дар ин хумхонаи ширинфасона
Намеёбам садое з-он тарона.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
2. дубайтӣ; рубоӣ; аз ақсоми шеър аст, ки дорои чаҳор мисраъ аст; дар мисраи аввал ва дувум ва чаҳорум қофия аст ва дар севум лозим нест, баъзе гӯянд, дар мисраи севум ҳам бояд қофия бошад ва илло ҳамон дубайтӣ ва рубоист;
Лабам ба ишқ насанҷад таронаи изҳор,
Вале зи ашки ман ин муддао бурун омад.
(Толиби Омулӣ)
3. тару тоза; ҷавон, тоза;
4. зеборӯй; зеборухсор, соҳибҷамол ва ҷамил;
5. ҷавони хушсурат; шоҳиди тару тоза ва соҳиби ҷамол; ҷавони хушсурат ва соҳибкамол; ҷавони хушгил.

Калидвожаҳо
Маънои номи Тарона Tarona