Номнома

Таҳсин

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Таҳсин - арабӣ

таъриф,
офарингӯӣ

То маро ишқи ту таълими сухан гуфтан кард,
Халқро вирди забон мидҳати таҳсини ман аст.
Ҳофиз


Дар дилаш сад ҳазор таҳсин хонд,
В-ошкораш ба хашм берун ронд.
Хусрави Деҳлавӣ


арабӣ

маҳкам
кардан; муҳофизат кардан

Раъи рост ба такрори назар ва таҳсини сир ҳосил ояд ва фош гардонидани асрор аз ҷиҳати подшоҳ мумкин нест.
Калила ва Димна


дар гирди шаҳр девор кашидан, ҳисор бардоштан, қалъа сохтан; қалъаро
мустаҳкам кардан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Тахсин Takhsin Tahsin