Судоба
занонаМАЪНӢ
Судоба - (форсӣ). سودابھ ситоишгари дурахшон
Судоба سودابه 1. ситоишгар, дурахшон, ситоиш ва ниёиш;
2. дар достонҳои Эрон духтари подшоҳи Ҳоморон, ки зани Кайковус буд, Ковус ошиқи ӯ шуд ва бо ӯ ба зиндон афтод, Рустам Ковусро наҷот дод ва бо Судоба ба Эрон омад, Судоба ошиқи Сиёвуш – писари Кайковус шуд ва чун Сиёвуш имтиноъ варзид, ӯро назди Кайковус муттаҳам сохт.
Сиёвуш чу андар шабистон расид,
Яке тахти заррини рахшанда дид.
Бар он тахт Судобаи моҳрӯй,
Ба сони биҳиште пур аз рангу бӯй.
Нишаста чу тобон Суҳайли Яман,
Сари ҷаъди зулфаш шикан бар шикан.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Судоба Sudoba