Номнома

Соҳибдил

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Соҳибдил - покдил, равшанзамир, некӯсират

Шаҳвати хашми марди соҳибдил
Беҳтар аз зуҳду ҳилми дунёдор. 
Шамси Табрезӣ


Соҳибдилон гуфтаанд: Рафтану нишастан беҳ, ки давидану гусастан.
Саъдӣ


диндор, парҳезгор; тақводор, ориф, аҳли
маърифат, аҳли тасаввуф

Арзаи риндон макун воқеъаи шайхи шаҳр,
Суҳбати соҳибдилон маҷлиси афсона нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ


диловар, соҳиби ҷуръат, далер, ҷасур, нотарс

Вақте дар сафари Ҳиҷоз тоифаи ҷавонони соҳибдил ҳамроҳи мо буданд ҳамдам ва ҳамқадам. 
Саъдӣ


Аз сар гузаштаанду ба майдон ниҳода пой,
Соҳибдилон, ки гӯи саъодат рабудаанд.
Анвори Суҳайлӣ


Шунидам, ки марде саёҳатшиор,
Ба соҳибдиле гашт ногаҳ дучор. 
Бедил


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Сохибдил Sokhibdil Sohibdil