Номнома

Содиқ

мардона

МАЪНӢ

Содиқ - (арабӣ). صادق ростгӯй, росткор, самимӣ

Содиқ (арабӣ) صادق 1. ростгӯй, ҳақгӯй, росткор; ростгӯянда; ростгир.

Як олиму сад ҳазор ҷоҳил,
Як содиқу сад ҳазор козиб.
(Анварӣ)


2.рост, дуруст ва самимӣ;

3.бовафо, вафодор; садоқатманд, вафодор; ростин, рост ва дуруст, холис;

Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд,
Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд,
Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд:
Замоне дар замин як Лоиқе буд.
(Лоиқ Шералӣ)


4.пайдо ва ошкор;
5.дарвешниҳод.

Калидвожаҳо

Маънои номи Содик Sodik Sodiq