Номнома

Ситабр

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Ситабр - ғафс, кулуфт

Ногоҳ мехи оҳанин пайдо омад ситабр.
Таърихи Байҳақӣ


Ба дарахти ситабри олишох
Сабзу покизаву баланду фарох... 
Низомӣ


Ман ҳам чӯбдаст ба осонӣ аз дасташ рабудам, чунки ситабр ва ноҳинҷор буд. 
Аҳмади Дониш


дурушт, дағал

Ҳамон пероҳани ситабрро пӯшид. Таърихи Табарӣ
Ҷома ситабр дид, бирафт ва ҷомаи нарм биёвард.
Маҷмаъу-л-ансоб


улуми ҷавв

гунае аз абрҳои кумаӣ бо рушди чашмгир, ки ағлаб густариши қоими зиёде дорад ва қисмати фавқонии барҷастаи он ғолибан шабеҳ ба гулкалам аст

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Ситабр Sitabr