Номнома

Сипаҳдор

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Сипаҳдор - лашкардор, сардори лашкар, фармонфармои лашкар; соҳиби
лашкар, ҳукмрон, подшоҳ

Сипаҳдорашон Шедаи шердил,
К-аз оташ ситонад ба шамшер дил. 
Абулқосим Фирдавсӣ


...К-он рӯз, ки Навфали сипаҳдор
Печид инон зи азми пайкор... 
Шоҳин


Сипаҳдори Чин, шаҳриёри Хутан
Расуле баророст аз хештан. 
Низомӣ


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Сипахдор Sipakhdor Sipahdor