Номнома

Шоҳона

занона

МАЪНӢ

Шоҳона شاھانه 1. муносиби шоҳон, шоҳвор, подшоҳона;

Чи зеварҳои шоҳона, чи дебо,
Чи гавҳарҳои некӯранги зебо,
Занонро ин зи баҳри мард бояд,
Ки мардонро нишоти дил физояд.
(Фахруддини Гургонӣ)


2. нағз, хуб;

Гар ин насиҳати шоҳона бишнавӣ, Ҳофиз,
Ба шоҳроҳи ҳақиқат гузар тавонӣ кард.
(Ҳофиз)


3. маҷозан бовиқор, ботамкин, пурсавлат.

Бад-ин ороиши шоҳона рафтанд,
Ба давлат сӯи давлатхона рафтанд.
(Ҷомӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Шохона Shokhona Shohona