Номнома

Ширин

занона

МАЪНӢ

Ширин – (форсӣ). شیرین дилкаш, дилписанд, зебо

Ширин شيرين 1. дорои маззаи қанд ва шакар; ҳар чизе, ки мазаи қанду шакар дошта бошад; маззаи муқобили талх; ҳар чиз, ки мазаи қанд ва набот диҳад ва ҳаловат дошта бошад; ғизо ва хӯроки боҳаловат;

То чу шаккар бар дилаш ширин шудӣ,
В-ар лаби гӯёш гавҳарчин шудӣ.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


2. латиф, дилкаш, мулоим, нарм, нозук, гуворо; дилпазир; ҳар чизи матбӯъ ва латиф; ҳар чизи хуш ва нӯшин ва дилпазир ва латиф ва мулоим ва хушнамо ва муфарраҳ; киноя аз ҳар чизи азиз ва марғуб ва хушоянд, умуман ба такаллуми атфол хусусан; матбӯъу латиф ва хушу дилпазиру дилафзо; маҷозан малеҳ;

Аз сахои ту таманно кунам он чиз, ки ҳаст
Чун суханҳои ту ширину чу бахти ту сафед.
(Хоқонии Шарвонӣ)


3. хуб, хуш, гуворо; бароҳат, форам;

Чун ҷон ту меситонӣ, чун шаккар аст мурдан,
Бо ту зи ҷони ширин ширинтар аст мурдан.
(Румӣ)


4. ширинӣ, шарбат;

Зи шаккарҳои мисрӣ танг бар танг,
Зи ширинҳои нӯшин ранг бар ранг.
(Ҷомӣ)


5. азиз, арҷманд; ноёб; гиромӣ, гаронмоя;

Ки ширинтар аз ҷону фарзанд чиз
Ҳамоно набошад, надидем низ.
(Фирдавсӣ)


6. шодмон, фараҳманд, хушҳол;

Агар ман шоду гар ғамгин, туро чӣ?
В-агар ман талху гар ширин, туро чӣ?
(Ҷомӣ)


7. тамом, комил;
8. равнақ, ривоҷ;
9. киноя аз хилъат ва ҷоиза ва чизе ба касе додан;

Суханаш талх нахоҳӣ, даҳанаш ширин кун. (Саъдӣ)

10. номи маҳбубаи Хусрав ва Фарҳод; номи зани Хусрави Парвиз; номи маъшуқаи Фарҳод; маъшуқаи Хусрави Парвиз, ки дар зебоӣ бемонанд буда, баъзе муваррихин ӯро юнонӣ донистаанд ва баъзе гуфтаанд, ки аз мардуми Хузистон буда; ин зан ошиқи дигаре ҳам дошта ба номи Фарҳод; гуфтаанд, ки Хусрави Парвиз Фарҳодро ба кандани кӯҳи Бесутун гумошт; достони ишқи Фарҳоду Ширин ва Хусраву Ширин мавзӯи бисёре аз манзумаҳои ишқӣ қарор гирифта; маъшуқаи арманӣ ва завҷаи Хусрави Парвиз, ки тибқи ривоёт Фарҳод низ бад-ӯ ишқ меварзад; Достони «Хусраву Ширин» аз достонҳои маъруфи пеш аз исломи Эрон буда, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба он ишорат рафтааст, вале Низомии Ганҷавӣ зоҳиран барои нахустин бор ин достонро гирд овардаву ба риштаи назм кашидааст ва шоирони дигаре монанди Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳотифӣ, Ҷомӣ ба тақлид аз вай достони муошиқати Хусрави Парвизро бо Ширин ба назм овардаанд ва низ иддае аз шуъаро чун Ваҳшии Бофқӣ, Урфии Шерозӣ, Висоли Шерозӣ достони ишқи Фарҳодро нисбат ба Ширин манзум кардаанд.

Ман он наям, ки зи ҳалво инон бигардонам,
Ки тарки суҳбати Ширин на кори Фарҳод аст.
(Абӯисҳоқи Атъима)

Калидвожаҳо

Маънои номи Ширин Shirin