Номнома

Шакур

мардона

МАЪНӢ

Шакур (арабӣ) شکور 1. бисёр сипосгузор; шукркунанда; марди бисёршукр; сипосдоранда; марди бисёрсипос; сипосдор; марди бисёр сипосдор, сахт сипосгузор, бисёр сипосгузор, он ки зиёд сано кунад; он ки худро аз сипос гуфтан оҷиз бинад ва бархе гуфтаанд, вале шакур касест, ки ҳамаи тавоноии худро дар адои шукр бо дилу забон ва аъзои бадан аз роҳи эътироф, эътиқод ба кор бандад ва боз бархе гуфтаанд, ки шокир касест, ки бар рифоҳ сипос гӯяд, вале шакур он ки дар ҳар бало сипосдорӣ кунад ва дигаре гуфта, шокир бар атои илоҳӣ шукр гӯяд, вале шакур бандае бошад, ки агар аз ҷониби ҳақ бахшишу атое ҳам бад-ӯ нарасад, боз сипосгузорӣ кунад;

2. подошдиҳанда; нигаред ба Абдушшакур.

Калидвожаҳо

Маънои номи Шакур Shakur