Шаҳрёр
мардонаМАЪНӢ
Шаҳрёр شھريار 1.подшоҳи бузург ва одил; подшоҳеро гӯянд, ки аз ҳамаи подшоҳони асри худ бузург бошад; бузургшоҳон, подшоҳи тавоно.
Эй шаҳрёри ростин, эй подшоҳи доду дин,
Эй некфазлу некхоҳ, эй аз ҳама шоҳон гузин.
(Дақиқӣ)
2.ҳоким, бузурги шаҳр; калонтар ва бузурги шаҳр, фармонравои шаҳр; амири ноҳия, фармонравои шаҳр ё ноҳия ё кишвар.
Ғами ғарибию ғурбат чу барнаметобам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳрёри худ бошам.
(Ҳофиз)
3.ёридиҳандаи шаҳр; ёридиҳандаи тавоно, ёридиҳандаи нирӯманд;
Агар наӣ ту ба фармони шаҳрёри ғамаш,
Зи шаҳри ёр бурун шав, ки шаҳрёри ту нест.
(Туғрали Аҳрорӣ)
4.номи яке аз писарони Хусрави Парвиз ва Ширин;
Чу Настуру чун Шаҳрёру Фуруд,
Чу Мардоншаҳ, он тоҷи чархи кабуд.
(Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Шахрёр Shakhryor Shahryor Шахрер