Номнома

Шабнам

занона

МАЪНӢ

Шабнам - (форсӣ). شبنم наме, ки шабона ба рӯи гиёҳу гулҳо резад

Шабнам شبنم 1. рутубате, ки шабона ё саҳар ба рӯи сабзаҳо, гиёҳҳо, гулҳо ва ғ. мерезад; нам ва рутубате, ки ҳангоми шаб рӯи сабзаву гиёҳҳо, гулҳо ва ғ. мерезад; қатраи монанд ба донаи борон, ки шаб рӯи барги гулҳо ва ғ. пайдо мешавад; рутубатест, ки аз ҳаво бар дарахтон мурашшаҳ шавад; рутубат ва қатрае, ки шаб бар рӯйи гулҳо ва сабзаҳо нишинад; қатрае шабеҳи донаи борон, ки шаб рӯйи барги гул ва гиёҳ менишинад; сақеъ; қатароти резаи об, ки дар шабҳои мартуб бар замин резад; бухори об, ки ба шакли қатраҳои бисёр кӯчак дар шабҳои беабр бар рӯйи наботот менишинад;

Ҳарчанд пару бол надорем, чу шабнам
Аз партави хуршед бувад болу пари мо.
(Соиби Табрезӣ)


2. киноя аз ашки чашм;

Зи шабнам шуд он ғунчаи тоза пур,
Ва ё ҳуққаи лаъл шуд пур зи дур.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


3. ҷомаи сафеду борик ва латиф.

Калидвожаҳо

Маънои номи Шабнам Shabnam