Номнома

Сайёра

занона

МАЪНӢ

Сайёра - (арабӣ). سیاره сайркунанда, гарданда, кавкаб

Сайёра (арабӣ) سياره 1. муаннаси сайёр; корвон, қофила;

Юсуферо, ки зи сайёра ба сад ҷон бихаранд,
Бемуҳобош ба зиндони падар боз диҳед.
(Хоқонии Шарвонӣ)


2. ва ҳар ситорае, ки даври хуршед бигардад; дар истилоҳи ҳайат сайёрот ситорагоне ҳастанд, ки фосилаи онҳо нисбат ба якдигар собит нест ва макони худро дар осмон тағйир медиҳанд; сайёроте, ки ба даври хуршед мегарданд, ба тартиби фосила аз хуршед иборатанд аз Уторид, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уронус, Нептун, сайёрот аз худ рӯшноӣ надоранд ва аз хуршед касби нур мекунанд; ситора, ки ба ҳаракати худ мутаҳаррик бошад ва он ҳафтанд: Қамар, Уторид, Зуҳра, Шамс, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал; ҳар як аз ҳафт ситорае, ки мувофиқи тасаввури ситорашиносони қадим гирди замин чарх мезананд: Қамар (Моҳ), Уторид (Тир), Зуҳра (Ноҳид), Шамс (Офтоб), Миррих (Баҳром), Муштарӣ (Бирҷис), Зуҳал (Кайвон);

Олам чу яке раванда дарё,
Сайёра сафина, табъ лангар.
(Носири Хусрав)


3. киноя аз ахгар, оташпора, оташак;

Ба захми сум чу захми хора хастӣ,
Зи ҳар моҳи наваш сайёра ҷастӣ.
(Ҷомӣ)


4. духтари вазир дар китоби «Тӯтинома».

Калидвожаҳо

Маънои номи Сайёра Sayyora Сайера Саёра Саера