Номнома

Сарв

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Сарв - гиёҳшиносӣ

дарахти махрутшакли сӯзанбарги ҳамешасабз, ки қадаш
рост буда, то 25 метр мерасад ва чӯбаш бисёр сахт ва гаронбаҳост

Сарв озод аст, к-ӯро бор нест,
Ҳеч ӯро аз касе озор нест. 
Шоҳидӣ


киноя аз қомати
рост ва мавзуни маҳбуба; киноя аз маҳбуба

Ба сарват хубрафторӣ ки омӯхт?
Ба лаълат нағзгуфторӣ ки омӯхт? 
Абдураҳмони Ҷомӣ


Сарви ман то дар чаман бо қомати дилҷӯ гузашт,
Ҳар тараф мавҷи латофат бин, ки аз зону гузашт.
Саййидо


сарви лолахад

سرو لاله‌خد

киноя
аз
маҳбубаи лоларух, ёри хушрӯй, зебосанам

киноя
аз
маҳбубаи лоларух, ёри хушрӯй, зебосанам

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Сарв Sarv