Номнома

Сано

мардона занона

МАЪНӢ

Сано - (арабӣ). ثنا мадҳ, таҳсин, ситоиш

Сано I (арабӣ) ثنا 1. тавсиф, мадҳ; ситоиш, таҳсин; таъриф; офарин; тамҷид, таъриф;

Ҳама лаб дар санои ӯ кушоданд,
Сари тоат ба пои ӯ ниҳоданд.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


2. шукр ва сипос.

Санои пири харобот боядам гуфтан,
Ки дод бо мани махмур пои хум ҷоро.
(Туғрали Аҳрорӣ)


3. дуо; дуруд, таҳийят;

Чу моя надорам санои туро,
Ситоиш кунам хоки пои туро.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


4. зикри ҷамил, зикри ҳасан.

Сано (арабӣ) سنا 1. рӯшноӣ дурахшонӣ; ба маънии равшании камтар аз зиё ва нур; равшанӣ;

Худовандо, Саноиро саное деҳ ту дар ҳикмат,
Чунон-к аз вай ба рашк ояд равони Бӯалӣ Сино.
(Саноӣ)


2. баландӣ, рифъат, олидараҷа; рифъат; баландӣ; билмадд. маънии рифъат ва баландиро соҳиб аст.

Агар аз нуфуз гӯянд, ба мадади маҷду сано маҷол наёбем.
(«Ахлоқи Носирӣ»)

Калидвожаҳо

Маънои номи Сано Sano