Сафо
мардона занонаМАЪНӢ
Сафо - (арабӣ). صفا покӣ, равшанӣ, шодмонӣ, равнақ, осоиш
Сафо (арабӣ) صفا 1. покӣ, тозагӣ; беғуборӣ; ҷило; равшанӣ; софӣ шудан, пок, беғаш ва бекудурат шудан; покизагӣ; софӣ, софу пок, холис, баргузида; хушсифат;
Аз сафои синаи бекина гавҳар мекунем,
Чун садаф як қатраи обе, ки менӯшем мо.
(Саййидои Насафӣ)
2. майи ноб, маи соф, шароби бедурд
Рӯи мастонаш чу ҷоми бода лабрез аз нишот,
Майгусоронаш ба ранги шамъ саршор аз сафо.
(Абулқодири Киромӣ)
3. садоқат, садоқатмандӣ, самимият, беғаразӣ; самимият.
4. равнақ, хушӣ ва хуррамӣ;
5. тароват.
6. хулус, якрангӣ;
Инак дар ин диёр манам, к-аз сафои табъ
Оинае, ки қадр надорад ба Зангбор.
(Шоҳин)
7. кайф, лаззат, роҳат;
8. осудагӣ, осоиш, оромӣ;
Умеди комронӣ нест дар ишқ,
Сафои зиндагонӣ нест дар ишқ.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)
9. сулҳ, оштӣ, дӯстӣ;
10. номи кӯҳпораест дар Маккаи муаззама.

Калидвожаҳо
Маънои номи Сафо Safo