Номнома

Сабоҳат

занона

МАЪНӢ

Сабоҳат - (арабӣ). صباحت зебоӣ, хубрӯӣ

Сабоҳат (арабӣ) صباحت сафедрӯй, хушрӯй, зебоӣ; зебо будан, зебоӣ, хубрӯӣ, сафедрӯӣ, равшании чеҳра, хушгилӣ; хубӣ; ва ҷамол; сафедии ранги инсон; накӯрӯӣ.

Туро сабоҳати турку фасоҳати араб аст,
Малоҳате, ки миёни аҷам чунон аҷаб аст.
(Ҷомӣ)


Гулистони сабоҳат рӯи туст, оё бувад рӯзе,
Ки хезам чун насим аз ҷою гулзори туро бинам?
(Мушфиқӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Сабохат Sabokhat Sabohat