Номнома

Рухсора

занона

МАЪНӢ

Рухсора - (форсӣ). رخساره рӯй, рух, гуна, чеҳра

Рухсора // Рухсор رخساره // رخسار ном аст бонувонро;

1. як бари рӯй, гуна; рӯй, симо, чеҳра, сурат, ораз; гуна, ки ба арабӣ хад гӯянд, вале аз касрати истеъмол ба маънии рӯй (тамоми чеҳра) низ меояд;

Гар наёрад ба забон сӯзи ту чун шамъ Камол,
Худ гувоҳ аст бар ӯ гунаи рухсораи ман.
(Камол)


Боғи ҳуснат тоза шуд аз дидаи гирёни ман,
Чашми ман оби дигар дод он гули рухсорро.
(Ҳилолӣ)


2. дурахшон, дурахшанда, равшан;

Ин риши ту сахт зуд бармеояд,
Гарчи на мурод буд, бармеояд.
Бар оташи рухсори ту дилҳои кабоб
Азбаски бисӯхт, дуд бармеояд.
(Саъдии Шерозӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Рухсора Rukhsora