Номнома

Қобил

мардона

МАЪНӢ

Қобил - (арабӣ). قابل пазиранда, қабулкунанда

Қобил I (арабӣ) ‫قابل‬ 1. қабулкунанда, пазиранда; пазиро.

Ноогаҳ аст ақл, ки аз хомаи қазо
Нақши вуҷуд қобили нафъу зарар фитад.
(Анварӣ)


2. лоиқ, сазовор, писандида; дархуранда, шоиста, дархур;

Туро, ки ақл тамом аст, носеҳо, боре,
Чаро насиҳати шахсе кунӣ, ки қобил нест?
(Камол)


3. мустаъид, истеъдоднок, қобилиятнок; корозмуда, тавоно; огоҳ; ботаҷриба.

Шукр кун, Хусрав, балои ишқро,
З-он ки ин файзест, к-аз қобил нарафт.
(Хусрави Деҳлавӣ)


4. пешоянда;

5. соли оянда; оянда; мозӣ.

Қобил II (арабӣ) ‫ل‬‫ي‬‫قاب‬ дар ривояти Таврот номи яке аз писарони Одам; фарзанди Одам ва Ҳавво ва бародари Ҳобил аст.

Лутфи ӯ оқил кунад мар пилро,
Қаҳри ӯ аҳмақ кунад Қобилро.
(«Маснавӣ»)


Қобил III (арабӣ) ‫قابل‬ номе аз номҳои Худои таъоло.

Калидвожаҳо

Маънои номи Кобил Kobil Qobil