Номнома

Қайсар

мардона

МАЪНӢ

Қайсар ‫ر‬‫ص‬‫قي‬ 1. бар вазни ҳайдар, фарзанде бошад, ки модараш пеш аз он, ки ӯро бизояд, бимирад ва шиками модарро бишкофанд ва он фарзандро берун оваранд ва чун аввали подшоҳони қайсар, ки ағустус ном дошт, инчунин ба вуҷуд омад, бинобар ин бад-ин исм мавсум гашт;

2. Қайсар лақаби Юлиюс Имперотури Рум (таваллуд 100 ва вафот 44 қабл аз милод) буд. Пас аз вай имперотурони Рум аз хонадони вайро ба лақаби қайсар хонданд ва баъдҳо ҳамаи имперотурони Румро Қайсар номиданд.

Дӯзахе афтода ба ҷои биҳишт,
Қайсари он қаср шуда дар куништ.
(Низомии Ганҷавӣ)


Ку Сулаймону Сикандар, Қайсару Нӯшервон,
Кайқубоду Хусраву Заҳҳоки моронро чӣ кард?
(Ҷунунӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Кайсар Kaysar Qaysar