Номнома

Қаландар

мардона

МАЪНӢ

Қаландар ‫قلندر‬ 1. дар асл каландар буд (ба кофи арабӣ, ба маънии кундаи нотарошида, ки дар паси дар андозанд, то зуд кушода нагардад; пас тағйири аслина ба сабаби ихтилофи арабу аҷам қаландар (ба қоф) шуда; баъзе муарраб гуфтаанд, аввал саҳеҳ аст; ва дар «ҷавоҳир-ул-ҳуруф» навишта, ки дар асл ғаландар (ба ғайни муъҷама) буд;

2. дарвеши оворагард, марди муҷарради аз дунё дасткашида; дарвеши беқайд дар пӯшок ва хӯрок ва тооту ибодот; шахси муҷаррад ва беқайд; қаландарон тоифае аз сӯфиён буданд, ки мӯйи сари хешро метарошиданд.

Эй писар, мазҳаби қаландар гир,
Ки дар ӯ дину куфр яксон аст.
(Анварӣ)


Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯ ин ҷост,
На ҳар ки сар битарошад, қаландарӣ донад.
(Ҳофиз)

Калидвожаҳо

Маънои номи Каландар Kalandar Qalandar