Номнома

Пурмоя

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Пурмоя - номи гове дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Фаридунро шир додааст

Яке гов, к-аш ном Пурмоя буд,
Зи говон варо бартарин поя буд.
Абулқосим Фирдавсӣ


номи бародари Фаридун, яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Яке буд з-эшон Киёнуш ном,
Дигар ном Пурмояи шодком.
Абулқосим Фирдавсӣ


асил,
асилзот, хушзот, наҷиб

Зи аспони пурмоя в-аз гавҳарон,
Зи динору дебову аз афсарон...
Абулқосим Фирдавсӣ


гаронбаҳо, пурарзиш, дорои қимати баланд, қиматбаҳо

Биёрост танро ба дебову зар,
Ба дурру ба ёқути пурмоя сар.
Абулқосим Фирдавсӣ


Чу ҷони ту ганҷу тилисм аст ҷисм,
Бар ин ганҷи пурмоя бишкан тилисм.
Абдураҳмони Ҷомӣ


бузург, олиқадр, арҷманд

Чунин дод посух, ки ин хурд нест,
Чу Дастон зи пурмоягон гурд нест.
Абулқосим Фирдавсӣ


хирадманд, доно

Ориферо матбахӣ ҳамсоя буд.
Бас сахиву оқилу пурмоя буд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


Буд бо вай ҳамеша як доя,
Аз фусуну фасона пурмоя.
Абдураҳмони Ҷомӣ


бошукӯҳ, пурҳашамат

Яке кохи пурмоя ӯро бисохт,
Аз он саршубонӣ сараш барфарохт.
Абулқосим Фирдавсӣ


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Пурмоя Purmoya