Номнома

Пашанг

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Пашанг - мили
оҳании дароз ва сартез, ки ба воситаи он деворро сӯрох мекунанд; дайлам

Бо давоту қаламу шеър чи кор аст туро,
Хезу бардор ташу дастараву белу пашанг.
Абӯҳанифаи Искофӣ


занбар

борхез, фишанг

Нозир ба туст дидаи Афросиёби вақт,
Дорои мулки Тӯрон аз Туру аз Пашанг,
Шоҳе, ки тозиёнаашро худ Рустам ар ба ҷой
Будӣ, зи ҷой барнагирифтӣ ба сад пашанг.
Сӯзанӣ


оби пошидашаванда; чакра, қатраи чизе

Бе теғ аз он аҷал хабар созад адӯтро,
К-аз хуни фосидаш наравад бар касе пашанг.
Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ


дар асотири Эрони қадим номи бародарзодаи Фаридун ва падари Манучеҳр

номи падари Афросиёб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Пашанг Pashang